Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакатро дар Душанбе ҷамъ овард
5 март дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» бахшида ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ бо иштироки тарроҳону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид.
Дар оғози фестивал иштирокдорон намоишгоҳи ҳунарҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурдӯзиро, ки аз ҷониби ҳунармандон шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, тамошо намуданд.
