Иштирок дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон
17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Форуми иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форум ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти муштарак ҷиҳати истифодаи захираҳо ва иқтидори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имконоти молиявию технологии Олмон, мусоидат хоҳад кард.
