Ифтитоҳи бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон баъд аз навсозӣ
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи “Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардидааст.
