Ба истифода додани сардхона, боздид аз гармхона, муаррифии 4 лоиҳаи корхонаи нави саноатӣ, ифтитоҳи корхонаи хишт ва қубурҳо дар шаҳри Турсунзода
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз тарафи соҳибкор – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов дар масоҳати 0,20 гектар бунёд гардидааст.
