Ба истифода додани бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим
13 октябр Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ишкошим мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароити бинои навбунёд шинос шуда, ба масъулин барои фаъолияти босамар, тарғиби ҳамаҷонибаи ҳадафу нақшаҳои созандаи ҳизб, ки ба ободониву шукуфоии бештари Тоҷикистон равона гардидаанд, дастуру маслиҳатҳо доданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар маркази ноҳияи Ишкошим бунёд гардида, аз ду ошёна ва 4 ҳуҷраи барҳавои корӣ иборат мебошад.
