Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 70 дар ноҳияи Кӯшониён
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-ро мавриди истифода қарор доданд.
Мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати кишвар бо Бонки рушди исломӣ сохта шудааст.
