Ифтитоҳи “Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ” дар шаҳри Бохтар
Дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд гардидааст. Муассиса бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд сохта шудааст.
