Ифтитоҳи Маркази саломатии «Луқмонӣ Ҳаким» дар шаҳри Хуҷанд
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор дода, дар он бо шароити муосири хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд.
Бинои марказ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 2276 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи 5 миллиону дусад ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
