Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава
12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.
Таъкид гардид, ки тайи 26 соли ҳамкорӣ Бонк 158 лоиҳаи барои кишвари мо муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст.
