Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Қасри миллат
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом зимни мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадр, Президенти Муғулистон ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистони дӯст таъкид карданд.
