Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Posted Tue, 07/25/2023 - 08:03
By shahnavoz

24 - уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 

Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд.

Зиёрати қиблаи мусулмонон - Каъбатуллоҳ

Posted Wed, 07/19/2023 - 11:37
By shahnavoz

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд.

Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Posted Wed, 07/19/2023 - 11:32
By shahnavoz

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Шоми 7 июл дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:22
By shahnavoz

Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саттороён, муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Надежда Преподобная, роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, рӯзи 9 июл соати 18.00 дар Театри давлатии Академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея баргузор мегардад.

Иштирок дар ҷашни Тиргон, иди зардолу ва асал дар шаҳри Хуҷанд

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:21
By shahnavoz

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

Пешниҳоди дастранҷи кишоварзон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, анвои зиёди маҳсулоти нонӣ, раванди омодакунии маҳсулоти гуногун аз зардолу ва намоишҳои фолклорӣ чорабиниро ба базмгоҳи ҳақиқии фараҳу хушҳолӣ ва шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватану фаровонии ҳосили зироати кишоварзӣ табдил дода буд.

Машварати корӣ бо роҳбарияти вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои онМашварати корӣ бо роҳбарияти вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои он

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:20
By shahnavoz

8 июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд давоми 6 моҳи аввали соли 2023 муҳокима гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуд.

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:19
By shahnavoz

8 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд.

Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:17
By shahnavoz

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” оғоз бахшиданд.