Ифтитоҳи Шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар доираи бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 19 садяк замин бунёд шуда, дар он шароити хуби корӣ барои кормандон фароҳам меояд.
