Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ “Файзи гаҷ” дар ноҳияи Ёвон
7 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи гаҷ”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Шералӣ дар муддати бештар аз як сол бунёд гардид.
