Бунёди корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона дар шаҳри Бохтар
8 ноябр дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер” корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхонаро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар дар масоҳати 3000 метри мураббаъ бо харҷи 5,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳабибулло Муқимов дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва солҳои рушди саноат бунёд гардидааст.
