Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои барқӣ ва таъмиру навсозии истгоҳҳои барқии ҶДММ «Истаравшан Энерго»
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда, се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири тарансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст.
