Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ ва рӯзномаи глобалии обу иқлими Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
