Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиёнро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
