Озмуни телевизионии суруди Модар
Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии тоҷикистон"Шаҳнавоз", озмуни телевизионии суруди модарро эълон менамояд.
Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии тоҷикистон"Шаҳнавоз", озмуни телевизионии суруди модарро эълон менамояд.
Ҳамватанони азиз!
Дирӯз, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.
Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
Дуввум ин ки, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , дустиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад.
3 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шинос шуданд.
Рафиқон генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозон!
Ҳамаи шумо – фарзандони далеру шуҷои Ватани маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи десантчиён ва 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми десантӣ самимона табрик мегӯям.
Десантчиёни тоҷик ҳамчун яке аз сохторҳои муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли кишварамон ва сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.
2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик ва бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши ҳайати шахсии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, ба машқгоҳи ҳарбии Фахробод дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.
Писаре, ки рӯзи 23-юми июл соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошат шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд.
Барномаи фарҳангию фароғатии «Набзи наво» дар жанри мусоҳиба таҳия гардида, бо иштироки ҳунармандони асил ва ҷавонони соҳибистеъдод пешниҳоди бинандагон мегардад.
Ҳадаф аз таҳияи барномаи мазкур муаррифии санъату ҳунари тоҷик мебошад.