Боздид аз варзишгоҳ бо 7 ҳазор ҷойи нишаст баъд аз таъмиру навсозӣ ва ташкили мактаби футбол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, дар майдони 7 гектар дар муҳлати бештар аз 1 сол бо ҷалби қариб 30 нафар бинокорони маҳҳалӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расидааст.
