Ифтитоҳи Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб

Posted Tue, 06/23/2026 - 13:53
By shahnavoz

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Оғози бунёди Корхонаи дуюми истеҳсоли семент дар деҳаи Харангон

Posted Tue, 06/23/2026 - 13:52
By shahnavoz

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб, ҳамчунин, барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд.

Зимни муаррифи лоиҳаи сохтмони корхона иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар масоҳати 16 га корхонаи нави истеҳсоли дар муддати 17 моҳ сохта ва ба истифода диҳад.

Оғози бунёди Корхонаи нави истеҳсоли семент дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб

Posted Tue, 06/23/2026 - 13:51
By shahnavoz

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд.

Мавриди зикри хос аст, ки тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026 барои сохтмони 4 корхонаи нави семент бо иқтидори умумии 6 млн. тонна дар як сол гирифта шудааст.

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Варзоб бо сафари корӣ ташриф оварданд.

Posted Tue, 06/23/2026 - 09:42
By shahnavoz

Дар назар аст, ки зимни  сафар дар ноҳияи Варзоб бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маркази техникии Федератсияи Футболи Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, барои бунёди ду корхонаи азими саноатии истеҳсоли семент бо иқтидори умумии солонаи 2 млн. 400 ҳазор тонна асос гузошта мешавад.

Боздид аз боғи интенсивӣ дар мавзеи Сафедшаҳраки ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 06/20/2026 - 14:31
By shahnavoz

Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои баланд доман паҳн кардааст, дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи себ се сол пеш бунёд ёфта, имсол аллакай дарахтони он ҳосили фаровон доранд.

Бо истифода аз имконияти иқлим ва табиати зебову нотакрори ин мавзеъ боғдорон умед доранд, ки аз дарахтони себ ҳосили фаровони хушсифат ба даст оранд.

Ифтитоҳи Деҳкадаи сайёҳӣ ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 06/20/2026 - 14:30
By shahnavoz

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг, дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Деҳкадаи сайёҳиро, ки мавзеи навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи фосилавии ду бинои нави МТМУ, бинои иловагии шуъбаи ВКД дар ноҳия ва Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 06/20/2026 - 14:29
By shahnavoz

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозии пурра Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон дар деҳаи Шехмизони ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 06/20/2026 - 14:28
By shahnavoz

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ба истифода додани коргоҳи Асри ваҳдат дар ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 06/20/2026 - 14:27
By shahnavoz

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд.

Дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ифтитоҳи бинои маъмурии Фурудгоҳи Ховалинг

Posted Sat, 06/20/2026 - 14:26
By shahnavoz

Субҳи 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.