Иштирок дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланд ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ ва санаи муҳим - Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрику таҳният гуфтанд.
