Ифтитоҳи фосилавии 3 корхонаи саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:53
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 корхонаи нави саноатӣ - корхонаи истеҳсоли равғани зағири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Грин голд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноатро ба истифода доданд.

Дар ин 3 корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.

Ба истифода додани корхонаи равған дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:51
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Технологияи воридшуда иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 7 тонна ашёи хомро коркард ва аз он равған истеҳсол намояд.

Корхонаи саноатӣ аз бинои истеҳсолӣ, маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ иборат буда, дар он 18 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзамин дар ноҳияи Данғара

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:50
By shahnavoz

26 август  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сокинаро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Оғози бунёди корхонаи нави истеҳсоли семент дар ноҳияи Кӯшониён

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:49
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд.

Корхона дар ҳудуди деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъа, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардида, дар таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ва рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ қадами муҳим хоҳад буд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Хуталон то соли 2029 бунёд хоҳад ёфт.

Ба истифода додани коргоҳҳои истеҳсоли ранги хатҳои уфуқии роҳ, ашёи хоми маводи шустушӯйӣ ва мебели ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант»

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:48
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд.

Коргоҳҳои истеҳсоли ранги хатҳои уфуқии роҳ, ашёи хоми маводи шустушӯӣ ва мебели инноватсионӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, намунаи амалии рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб мераванд.

Ифтитоҳи фосилавии 2 иншоот ва муаррифии лоиҳаи бунёди осоишгоҳ дар шаҳри Левакант

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:47
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро ифтитоҳ намуданд.  

Бинои нав дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва як толори маҷлисӣ бо 45 ҷойи нишаст мебошад.

Дар бино шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бахши баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.

Боздид аз шаҳри Левакант ва ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Хишти диёри ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:46
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Левакант ва фаъолону сокинон бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии Хишти диёрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба таври фосилавӣ ифтитоҳи 14 иншоот дар ноҳияи Ёвон ва 5 иншоот дар ноҳияи Хуросон

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:44
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату  маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи гач, ки иқтидори солонаи он 1,5 млн. дона хиштро ташкил медиҳад, расман оғоз бахшиданд.

Бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ёвон

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:43
By shahnavoz

26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон

Posted Thu, 08/27/2026 - 08:42
By shahnavoz

26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Ёвон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо самимият истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.