Суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони мардуми шарафманди
вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор доранд ва ба тантанаҳои ин рӯзи мубораки таърихӣ бо дастовардҳои арзанда омодагӣ мегиранд.
Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.
