Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намудани 16 иншоот дар шаҳри Ваҳдат
24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд.
Нахуст Роҳбари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шишаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз бо 30 ҷойи корӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов расман оғоз бахшиданд.
