Ифтитоҳи бинои Мактаб-интернат дар ноҳияи Данғара
23-юми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ карданд.
Иншооти муосир аз ду ошёна иборат буда, барои зиёда аз 600 таълимгиранда пешбинӣ карда шудааст.
Муассисаи таълимӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониш иборат мебошад.
