Ифтитоҳи Маркази саломатии бисёрсоҳа дар ноҳияи Данғара
24-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.
Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя аз маблағҳои Бонки исломии рушд ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти соҳаи тандурустӣ дар масоҳати наздики 1 га замин сохта шуда, дорои 153 ҳуҷраи корӣ, 3 дорухона, 5 ҳуҷраи ҷарроҳӣ, нуқтаи дандонпизишкӣ бо технологияи нав, 40 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мебошад.
Толори маҷлис дар ошёнаи шашуми бино ҷойгир буда, дорои 114 ҷойи нишаст мебошад.
Айни замон дар Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара 475 корманд фаъолият дошта, аз нисф зиёди онро занон ташкил медиҳад, ки ин самараи татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занону бонувон ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад.
Иншоот ба низоми мустақили гармидиҳӣ пайваст аст.
Саҳни беморхонаро дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан зебу зинат бахшида, намудҳои гуногуни гулҳои мавсимию ороишӣ шинонида шудааст.
Маркази саломатӣ аз 3 қисм иборат буда, биноҳои канорӣ 6-ошёнагӣ ва бинои марказӣ 7-ошёна мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорону муҳандисон барои бо сифати баланд бунёд намудани иншооти муосир изҳори сипос намуданд.
Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ба сокинони ноҳияи Данғара ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бунёд гардида, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Маркази саломатӣ дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 700 эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ мерасонад.
Марказ дорои таҷҳизоти тиббие мебошад, ки бо ташхиси хун бештар аз 30 намуди бемориҳоро муайян мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 26 апрели соли 2023 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара шинос шуда, ба коргарону мутахассисон ҷиҳати анҷоми сифатноки корҳо супоришҳои мушаххас дода буданд.
Шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ дар Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара муҳайё шудааст.
Ҷиҳати ташхиси дақиқи беморӣ дар беморхона дастгоҳҳои рақамии томографиву рентгенӣ насб шудааст. Барои расонидани кӯмаки фаврии тиббӣ ба беморон воситаҳои нақлиёти махсуси муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ фаъолият мекунад. Ғайр аз ин, беморхона бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин гардида, бақайдгирии электронии нишондоди беморон ва хулосаҳои ташхису машварати табибон тавассути шабакаи дохилӣ интиқол дода мешавад.
Дар баробари ин, Маркази саломатӣ иқтидор дорад минбаъд чун пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони тиббии вилоят ва кишвар хизмат намояд.
Дар заминаи беморхона кафедраи фанҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ва татбиқи назария дар амалия ба роҳ монда шудааст.
Тибқи нақша дар ошёнаи якум қабулгоҳ, дар ошёнаи дуюм маъмурият ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ошёнаи сеюм ва чорум табибони соҳавӣ, ошёнаи панҷум маркази тавонбахши ва синфхонаҳои таълимӣ ва дар ошёнаи шашум маҷлисгоҳ ҷойгир шудааст.
Дар бино мутухассисони Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази иммунопрофилактика, Маркази бемориҳои сил, Маркази тропикӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, Маркази экспертизаи судӣ ва ғайра ҷойгир шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардидаанд.
Дар Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара барои ташхису табобати тамоми бемориҳо, аз ҷумла гушу бинӣ, чашм, гулу, қанд, дилу рагҳо, саратон, узвҳои даруна, гурда, бемориҳои рӯҳӣ, асаб, бемориҳои сироятӣ шароити муосир муҳайё шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтар гардидааст.
Чунин дастовардҳоро кормандони соҳа аз шарофати сулҳу субот, ваҳдату Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати муваффақу боровари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунанд.