Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид.
Шоми дирӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи фестивал вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок намуданд.
Дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Бори аввал дар фестивали мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок мекунад.
