Ба истифода додани боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатиро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи мазкур дар кӯчаи Ҷавонон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
