Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом - Кӯчкаки шаҳри Конибодом
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом-Кӯчкак шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ ва Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, кор дар 4 минтақаи вилояти Суғд, аз ҷумла, Куруш-Бекобод 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров 22 километр, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз 6,6 километр ва Конибодом-Кӯчкак 10,3 километр, дар маҷмуъ бо дарозии умумии 51,2 километр бомаром идома дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти байналмилалии ин роҳ, он аз рӯйи дараҷаи техникии якум ва сеюми роҳсозӣ бунёд карда мешавад. Дар 4 қитъаи навшавандаи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд навсозии 11 пул бо дарозии умумии 457,3 метр низ дар назар дошта шудааст.
Маблағгузори лоиҳа Ассотсиатсияи байналмилалии рушди гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда, фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сохтмони роҳи мазкурро Ширкати “Роҳи оҳани Чин дар Тоҷикистон-УСЗУЙ” ба уҳда дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозӣ таъкид намуданд, ки роҳи мазкур аҳамияти муҳим дошта, барои боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар заминаи иловагӣ мегузорад. Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки ба корҳои сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти босифат диққати ҷиддӣ зоҳир гардад, то ки роҳ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба мардум хизмат намояд.
Бояд ёдовар шуд, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт. Акнун баъди пурра навсозӣ гардидани роҳ, мушкилиҳои чандинсолаи аҳолӣ ҳал гардида, ба ин васила инфрасохтори роҳу нақлиёт бамаротиб беҳтар карда мешавад.
Президенти кишвар зимни суҳбат ба масъулин ва роҳсозон дастур доданд, ки корҳои созандагиро бо масъулияти баланд ва сатҳу сифати хуб иҷро намуда, барои ободӣ ва рушди кишвар саҳми муносиб гузоранд.
Дар навбати худ роҳсозон ба Пешвои миллат ваъда доданд, ки тамоми малакаю маҳорати кории худро истифода намуда, дар бунёди роҳи мазкур, ки аҳамияти митақавӣ дорад, талош хоҳанд кард.