Ворисони Шашмақом

Posted Mon, 05/13/2024 - 12:33
By shahnavoz

Дар арафаи Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола 12 май дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, китоби «Ворисони Шашмақом»-и Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва роҳбари ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидзода дар нашриёти «ЭР-граф» ба табъ расид.

Ин рисолаи илмию пажуҳишӣ зери назари доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов чоп шуда, муҳаррири масъули он Баҳриддин Мирзоев, муҳаррирон Маҳмадуллоҳ Табарӣ ва Шаҳобиддин Ҳақназар мебошанд.

Китоб аз 5 бахш ва аксҳои арбобони барҷастаи давлатӣ, навошиносони ҳавзаҳои мусиқии суннатӣ, устодони варзидаи Шашмақом, муҳаққиқони мусиқӣ ва ворисони шашмақом иборат аст.

Дар китоби «Ворисони Шашмақом далелҳои хеле муътамад дар бораи ҳаёту фаъолияти чеҳраҳои шинохта, устодони варзидаи санъат, саромадони ҳавзаҳои мусиқии суннатӣ, муҳаққиқони мусиқӣ, санъатшиносон ва ҳунармандон, ки дар рушди фарҳангу санъати халқи тоҷик, хусусан жанри шашмақом саҳми бориз гузоштаанд, гирд оварда шудаанд.

Бояд гуфт, ки Рӯзи шашмақом дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб таҷлил мегардад.

Дар иртибот ба таҷлили Рӯзи шашмақом аз 10 то 14 май дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва санъатшиносони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад.