Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ
16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро, ки барои иштирок дар нишасти прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Созмон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаашон комёбӣ орзу карданд.
