Боздид аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониён боздид карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хуроки чорво ташкил медиҳад.
