Мулоқот бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳар
22 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи мазкур баррасӣ гардид.
“Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Давлати Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд ва Кувайтро шарики муҳимми худ медонад” - изҳор доштанд дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
