Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” боздид намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст имкониятҳои обёрӣ ва боғу токзори бо усули нав бунёдшуда муарифӣ карда шуд.
