Иштирок дар ҷаласаи “СҲШ-плюс” дар мавзуъи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор”

Posted Mon, 09/01/2025 - 17:47
By shahnavoz

​1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай-плюс” дар мавзуъи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд.

​Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарияти кишвари мизбон барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ ва дар доираи созмон фароҳам овардани имкони хуби баррасии масоили ҳамкорӣ изҳори сипос намуданд.

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн

Posted Mon, 09/01/2025 - 14:25
By shahnavoz

1 сентябр дар шаҳри Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бонкро дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими ҳампайвандии кишварҳои минтақа намоён номиданд.

Иштирок дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай

Posted Mon, 09/01/2025 - 14:23
By shahnavoz

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари мизбони Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Суҳбат бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди

Posted Mon, 09/01/2025 - 14:22
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Зимнан доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башарӣ табодули афкор сурат гирифт.

Сарони ҳар ду давлат аз раванди рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноат намуданд.

Иштирок дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай

Posted Mon, 09/01/2025 - 09:44
By shahnavoz

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Чин дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Маркази байналмилалии Мэйтсзян Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифтанд ва сипас аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо ва барномаи консертӣ баргузор шуд.

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Posted Mon, 09/01/2025 - 09:43
By shahnavoz

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Posted Mon, 09/01/2025 - 09:42
By shahnavoz

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

Posted Mon, 09/01/2025 - 09:41
By shahnavoz

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.

Нахуст, дар Донишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни донишгоҳро мавриди истифода қарор доданд.

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

Posted Mon, 09/01/2025 - 09:36
By shahnavoz

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Устодону омӯзгорон,

донишҷӯёну хонандагон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар арафаи соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамаи шумо ва махсусан, кӯдаконеро, ки бори нахуст ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, самимона табрику таҳният мегӯям.

Мулоқоти ҳарсола бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки мо вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем.

Боздид аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4-и Неругоҳи барқии обии Роғун

Posted Wed, 08/27/2025 - 12:18
By shahnavoz

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқии обии Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

Иншоот дар соҳили рост воқеъ буда, ҳамчун нақби обпарто вазифаи партофтани обҳои зиёдатии обанборро дар мавсими серобӣ аз сатҳи 1090 метр боло иҷро мекунад.