Боздид аз Майдончаи сохтмонии №5 А-и Неругоҳи барқии обии Роғун
26 август дар идомаи боздиди корӣ дар Неругоҳи барқии обии Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5 А шинос шуданд.
Дар майдончаи сохтмонии №5 А қубурҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ барои агрегатҳои неругоҳ омода карда мешаванд.
Корҳои асосии омодасозии қубурҳои обпарто барои иншооти муҳими гидроэнергетикии Тоҷикистон – Неругоҳи барқии обии Роғунро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Тоҷикгидромонтаж иҷро менамоянд.
