Муаррифии лоиҳаи банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд ва гузоштани санги асос барои бунёди муасиссаи таълимӣ ва кӯдакистон дар ноҳияи Файзобод
30 сентябр дар ноҳияи Файзобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд.
Дар асоси нақшаи генералӣ, шаҳраки нав дар масоҳати 163 гектар тарҳрезӣ шуда, барои аҳолии зиёда аз 90 ҳазор кас пешбинӣ гардидааст.
