Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар шаҳри Душанбе
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ сеюмин иншооти соҳаи маориф аст, ки санаи 15-уми август бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт.
Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Алимадов сохта шудааст.
