Ифтитоҳи коргоҳи дузандагию қолинбофӣ дар шаҳри Истиқлол 30.03.2023
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.
Иншооти мазкур аз ҷонби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Нури Ховар” бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ наздики 15 нафар занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб гардида, ба духти сару либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, рахти хоб ва либосҳои гуногуни миллӣ машғуланд.
