Боздид аз намоиш-фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 07/16/2022 - 12:22
By shahnavoz

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш - фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.

Сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.

Дар ноҳия номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон дар ноҳияи Ховалинг

Posted Sat, 07/16/2022 - 12:11
By shahnavoz

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи истеҳсоли макаронро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти соҳаи саноат дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбарият ва муассисони ҶСК “Ховалинг” сохта шудааст.

Пас аз ба истифода супоридани иншоот 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки 8 нафарашон занону дӯхтарон мебошанд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Posted Sat, 07/16/2022 - 12:08
By shahnavoz

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, мавриди истифода қарор додани иншооти гуногун, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон  ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат карда, баҳри пойдории ваҳдату оромӣ, рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодатмандию сарбаландии миллати тоҷик дуою фотиҳаи нек намуданд.