Мулоқот бо намояндагони ширкатҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин

Posted Fri, 05/19/2023 - 08:43
By shahnavoz

18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони беш аз 40 ширкати бонуфузи сармоягузорӣ ва тиҷоратии Чин иштирок намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумонамон такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳамкориву шарикӣ дар самти пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути муҳайё намудани шароити мусоид манфиатдор мебошад.