Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
18 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти якуми сарони давлатҳо дар ҳамоиши сатҳи баланди “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки равобити ду кишвар босуръат рушд карда, намунаи равшани ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ ба хотири сулҳу субот дар минтақа мебошад.