Идомаи сафари давлатӣ дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин
Нимаи дуюми рӯзи 17 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар ҳамоиши якуми Саммити “Осиёи Марказӣ-Чин” ба шаҳри Сиан ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Сиан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
