Бунёди токзори нав бо тарзи хавозавӣ ва ба истифода додани хатти оби полезӣ дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди токзори нав шинос шуда, дар маросими ба истифода додани хатти оби полезӣ иштирок намуданд.
Хатти оби полезӣ бо насби муҳаррикҳои нав аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шудааст.
Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзорҳои замонавӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.