Ифтитоҳи коргоҳи нав дар назди ширкати «Қолинҳои Қайроққум дар шаҳри Гулистон

Posted Thu, 03/30/2023 - 08:15
By shahnavoz

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи истеҳсоли қолинҳои рӯифаршии тафтингии нақшзадашударо дар ширкати “Қолинҳои Қайроққум” ифтитоҳ карданд.

Иншооти нав дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи 66 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Фаъолияти корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона карда шуда, иқтидори солонаи он 2 миллион метри мураббаъ рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингии нақшзадашударо дар бар мегирад.

Васеъ шудани имконияти истеҳсолӣ натанҳо барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, балки барои таъмини афзоиши содироти маҳсулот имконият фароҳам овард.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти истеҳсолиро намунаи асосии татбиқи ҳадафи чоруми стратегии давлат арзёбӣ карда, тадриҷан амалишавии иқдомҳоро дар ин самт барои зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нави истеҳсолӣ 100 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ин ҷо аз ашёи хом баъди 4 марҳилаи коркард маҳсулоти дорои сифати баланд мутобиқ ба дархости муштариён истеҳсол карда мешавад.

То ин вақт дар як сол ба Тоҷикистон 1,5 миллион метри мураббаъ қолинҳои рӯифаршӣ ворид карда мешуд. Ба кор андохтани хатти нави технологӣ дар ширкати “Қолинҳои Қайроққум” имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ пурра қонеъ гардонида шавад ва ҳамзамон содироти ин намуди маҳсулот ба роҳ монда шавад. Технология барои истеҳсоли маҳсулот аз Астрия ворид карда шудааст ва дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Акнун иқтидори ширкат ба истеҳсоли 3,5 миллион метри мураббаъ қолин дар як сол расонида шуд.

Ба фаъолият оғоз намудани хатти нави технологӣ дар ширкати “Қолинҳои Қайроққум” барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, васеъ шудани имконияти содиротӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва таҳкими нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.