Ба истифода додани хатти оби полезӣ барои бунёди 150 гектар боғи хуч дар шаҳри Истиқлол ва боздид аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали вилояти Суғд 30.03.2023

Posted Fri, 03/31/2023 - 10:01
By shahnavoz

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол хатти оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин рӯ, хатти оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашида шуда, ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.

Саргаҳи оби полезӣ дар мавзеи Бинокори шаҳр ҷойгир буда, хатти об то боғи навбунёд ба воситаи қубурҳои калонҳаҷми қутрашон 250 миллиметра кашида шудааст ва барои фаъолияти доимӣ иншооти ирригатсионӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи навбунёд барои истифода ба 40 оилаи ҳудуди шаҳр тақсим гардидааст, ки пас аз боровар гардидани ниҳолҳои шинонидашуда ин оилаҳо аз ҳисоби парвариши хуч даромади хуб ба даст хоҳанд овард. Зеро талабот ба он ҳам дар бозорҳои дохилӣ зиёд аст ва ҳам хуч ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои дигар кишварҳо харидорони худро дорад. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят феълан коркарди ин навъи маҳсулот дар шакли мураббо ва нӯшобаҳои табобатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва боғи навбунёд минбаъд метавонад дар таъмини эҳтиёҷоти чунин коргоҳу корхонаҳо бо маҳсулоти аввалия нақши асосӣ бозад.

Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни ин хоҷагӣ, ҳамсони намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табиии Тоҷикистон омода гардидаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба маъраз гузошта шуд.