Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар ноҳияи Нуробод
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмуъ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дорои 33 синфхонаву ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар синфхонаҳои фаннии химия, физика, технологияи иттилоотӣ ва ҳуҷраи инкишофи кӯдак мутобиқ ба талаботи замони ҳозира барои омӯзиш имконият фароҳам оварда шудааст.
