Ифтитоҳи бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Posted Thu, 09/05/2024 - 12:30
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бинои маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Азизов бо усули муосири меъмории ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стоматологӣ бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия

Posted Thu, 09/05/2024 - 12:28
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия оғоз гардид.

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ ба хизматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Posted Wed, 09/04/2024 - 11:08
By shahnavoz

4 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз

ХУШХАБАР

Posted Fri, 08/30/2024 - 16:51
By shahnavoz

Муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" Бунафша Юсуфӣ бо Медали хизмати шоиста аз ҷониби Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд.

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

Posted Fri, 08/30/2024 - 16:15
By shahnavoz

Имрӯз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Беларусро бо рӯйдоди хотирмон - ҷашни 70-солагии зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфта, ба муҳтарам Александр Лукашенко сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин ба нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.

Ифтитоҳи бинои Беморхонаи марказии шаҳри Норак пас аз таъмиру навсозӣ

Posted Fri, 08/30/2024 - 16:12
By shahnavoz

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳри Норак аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 190 ҳуҷра, аз ҷумла 132 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 136 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллуд, амрози даруна, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Масоҳати умумии беморхонаи мазкур наздики 6 гектарро ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак

Posted Fri, 08/30/2024 - 16:11
By shahnavoz

30 август дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” оғози расмӣ бахшиданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған буда, маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи “Равғани олии Норак”, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад. 

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ дар шаҳри Норак беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак

Posted Fri, 08/30/2024 - 16:10
By shahnavoz

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмону таҷҳизонидани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар ин ҷо барои машқу тамрин ва машғул шудан бо намудҳои гуногуни варзиш шароит фароҳам оварда шудааст.

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии “Норак”

Posted Fri, 08/30/2024 - 16:10
By shahnavoz

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварданд.

Боздиди Сарвари давлат бо шиносоӣ бо рафти навсозии неругоҳи Норак ва баъди таҷдид ба истифода додани агрегати чорум оғоз ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи обии “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми корҳо маблағи умумии 35 миллиону 193 ҳазор евро равона карда шуд.

Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.

Дар Душанбе Фестивали намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад

Posted Wed, 08/28/2024 - 15:59
By shahnavoz

29 август, соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» Фестивали намоиши либосҳои миллӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Дар фестивал тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ва ҳафт тарроҳи дигар либосҳои омоданамударо пешниҳод менамоянд.