Изҳороти матбуотӣ аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
Мо ин сафари давлатии Шуморо ба Тоҷикистон, Шавкат Миромонович, дар таърихи муносибатҳои ду кишвар рӯйдоди муҳим медонем.
Натиҷаҳои онро ҳамчун дастоварди арзишманд дар пешбурди раванди шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо арзёбӣ менамоем.
