Анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт

Posted Mon, 09/16/2024 - 09:02
By shahnavoz

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 11 то 14 сентябр дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ҷараён дошт, ба анҷом расид.

14 сентябр Сарвари давлат аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарону фаъолон ва як гуруҳ соҳибкорони ноҳия гарму самимӣ гусел намуданд.

Сарвари давлат барои пазироии гарм, анҷом додани корҳои ободонӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рашт, аз ҷумла соҳибкорони ҳимматбаланд, изҳори сипос намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба идома ва вусъат додани тадбирҳои бунёдкорӣ барои истиқболи сазовор аз  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Фаъолону соҳибкорони ҷамъомада  ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки барои ободию шукуфоии диёри хеш минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳанд кард.